30 Март 2025 - 17:40
Source: Parstoday
Ахбор | Қадрдонии Фаластин аз Эрон, танишофаринии Вашингтон дар шибҳи ҷазираи Корея ва эътирози шаҳрдори Истонбул ба сукути Ғарб

Нахуствазири Ироқ бо таъкид бар инки Ҳашд уш Шаъбӣ (Созмони басиҷи мардумии Ироқ), як ниҳоди амниятии расмӣ аст, таъкид кард, ки ҳеҷ тарафе наметавонад ин кишварро маҷбур ба инҳилоли Ҳашд уш Шаъбӣ кунад.

Баргузории гуфтугӯҳои коршиносии Эрон ва 3 кишвари аврупоӣ дар Женева, ҳамалоти девонавори Амрико ба Яман, интиқоди Имом Уғлӯ аз сукути кишварҳои ғарбӣ дар қиболи боздошташ, иқдомоти Амрико далели ташдиди танишҳо дар шибҳи ҷазираи Корея, ҷузъиёти қарордоди маводи маъданӣ миёни Украина ва Амрико ва роҳпаймоии густардаи Рӯзи Қудс дар саросари ҷаҳон, гузидае аз охирин ахбори Эрон ва ҷаҳон аст, ки дар ин бастаи хабарӣ аз Порс Тудей мехонед:

Баргузории гуфтугӯҳои каршиносии Эрон ва 3 кишвари аврупоӣ дар Женева

Козими Ғарибободӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазири хориҷаи Эрон ҷумъашаб аз баргузории гуфтугӯҳои каршиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва се кишвари аврупоӣ дар Женева хабар дод. Ғарибободӣ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Дар иҷрои тафоҳуми чаҳорумин даври музокироти мақомоти дипломатии Эрон ва се кишвари аврупоӣ, гуфтугӯҳои тахассусӣ ва фаннии чаҳор кишвар дар бораи мавзӯи ҳастаӣ ва рафъи таҳримҳо дар рӯзи панҷшанбе дар сатҳи коршиносӣ дар Женева баргузор шуд.

Ҳамалоти девонавори Амрико ба Яман

Ҷангандаҳои амрикоӣ тайи шабонарӯзи гузашта даҳҳо ҳамла ба Яман анҷом додаанд. Ҳамалоти таҷовузкоронаи Амрико ба Яман дар ҳоли ташдид аст, ба наҳве, ки тайи 24 соати гузашта ҳаддиақал 71 ҳамлаи ҳавоӣ ба устонҳои мухталифи ин кишвар анҷом шудааст.

Ал Ҳавсӣ: Мардуми Яман ҳаргиз таслими фишорҳои Амрико нахоҳанд шуд

Абдулмалик Бадриддин Ал Ҳавсӣ, дабири кулли ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ҷумъашаб бо тақдир аз ҳузури миллионии мардуми ин кишвар дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс тасреҳ кард, ки мардуми Яман ҳаргиз таслими фишорҳои Амрико нахоҳанд шуд ва ба ҳимоят аз Фаластин идома хоҳанд дод.

Роҳпаймоии густардаи Рӯзи Қудс дар саросари ҷаҳон; фарёди ҳамбастагӣ бо Фаластин

Ҳамзамон бо охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс ширкат ва аз мардуми Фаластин ҳимоят карданд. Ин тазоҳурот дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Эрон, Шветсия, Ҳоланд, Канада, Покистону Англия баргузор шуд. Роҳпаймоии рӯзи Қудс намоде аз иттиҳоди миллатҳои мусулмону озодихоҳони ҷаҳон дар ҳимоят аз мардуми Фаластину маҳкӯмияти ишғолгарии режими саҳюнистӣ маҳсӯб мешавад.

Русия ва Чин: Иқдомоти Амрико далели ташдиди танишҳо дар шибҳи ҷазираи Корея аст

Вазорати хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, ки ба ақидаи Маскаву Пекин, иқдомоти Амрико далели ташдиди танишҳо дар шибҳи ҷазираи Корея аст. Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияе пас аз ройзанӣ миёни Андрей Руденко, муовини вазири хориҷаи ин кишвар ва Лю Сяомин, намояндаи вижаи давлати Чин дар умӯри шибҳи ҷазираи Корея эълом кард, ки Маскаву Пекин фаъолияти низомии Вашингтону муттаҳидонашро омили аслии афзоиши танишҳо дар шибҳи ҷазираи Корея медонанд.

Қадрдонии гурдонҳои «Ал Носир Салоҳиддин» аз мардуми Эрон дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Гурдонҳои «Ал Носир Салоҳиддин» аз гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар баёнияе, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс содир кард, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, раҳбарӣ, мардуму артиши ин кишвар ба далели иттихози мавозеъи шуҷоъона ва усӯлӣ дар ҳимоят аз Қудс, Фаластин, Ғазза ва муқовимат қадрдонӣ кард.

Имом Уғлӯ: Сукути Ғарб дар баробари боздоштам каркунанда аст

Акрам Имом Уғлӯ, шаҳрдори боздошт шудаи Истонбул бо интишори ёддоште дар рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс», аз сукути кишварҳои ғарбӣ дар қиболи боздошташ интиқод кард ва онро « сукуте каркунанда» донист. Ӯ дар ин мақола навишт: «Давлатҳо дар саросари ҷаҳон чӣ карданд? Сукути онҳо каркунандааст. Вашингтон фақат нигаронии худро аз боздоштҳо ва эътирозоти ахир дар Туркия иброз кард. Ба ҷуз чанд мавриди истисно, раҳбарони аврупоӣ ҳам вокуниши қавие нишон надодаанд.»

Ҷузъиёти қарордоди маводи маъданӣ, ки Украинаро мустаъмираи Амрико мекунад

Рӯзномаи англисии Индепендент мегуяд, қарордоди ҷадиде, ки Амрико дар бораи маводи маъдании Украина ироа карда, на танҳо ҳеҷ тазмини амниятӣ ба давлати Киев ироа намекунад, балки ҳатто ин кишварро маҷбур мекунад байни ишғол шудан тавассути Русия ва табдил шудан ба мустаъмираи иқтисодии Амрико як гузинаро интихоб кунад.

Ал Судонӣ: Ҳеҷ тарафе наметавонад Ироқро маҷбур ба инҳилоли Ҳашд уш Шаъбӣ

Муҳаммадшиёъ Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ бо таъкид бар инки Ҳашд уш Шаъбӣ (Созмони басиҷи мардумии Ироқ), як ниҳоди амниятии расмӣ аст, таъкид кард, ки ҳеҷ тарафе наметавонад ин кишварро маҷбур ба инҳилоли Ҳашд уш Шаъбӣ кунад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha